Медведев гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон метавонанд дар Русия муваффақ шаванд

Сиёсатмадори рус дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар бораи мушкилоти имрӯзаи шаҳрвандони хориҷӣ изҳори назар кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Мутобиқсозии шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд дар ҷои аввал бошад, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев.

"Онҳоро бояд ба шароити зиндагии давлати мо мутобиқ кунанд. Танҳо дар ин сурат мардуми мо онҳоро қабуд мекунанд", - гуфт сиёсатмадор дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия.

Ба гуфти вай, сарфи назар аз ҳамагирӣ ҳоло тақрибан 7 миллион муҳоҷир расман дар Русия кор мекунанд. Муовини раиси Шӯрои амният ҳамчунин дар бораи таъсири шаҳрвандони хориҷӣ ба демография ва равандҳои иқтисодӣ дар кишвар дар давраи пандемияи коронавирус изҳори назар кард.

"Агар дар бораи талафот сухан гӯем, онҳо бидуни ба назар гирифтани сабабҳои муҳоҷират низ харобанд. Ин танҳо як фоҷиа аст, ба иқтисод рабте надорад", - гуфт Медведев.

Вай афзуд, ки кишвараш бояд ҳама корҳоро анҷом диҳад, то аз марги одамон ҷилавгирӣ шавад ва қайд кард, ки "ин мушкили муҳоҷират нест".
Медведев аз тағйирот дар қонунгузории Русия дар соҳаи сиёсати муҳоҷират ёдовар шуд. Ҳамин тариқ қоидаҳои ихроҷ аз кишвар сода шудаанд. Як қатор қонунҳоро президенти Русия Владимир Путин муаррифӣ карда буд, боқимонда ҳанӯз дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд.
Медведев дар бораи тағйироти қатъӣ дар раванди муҳоҷират гуфт
Дар мавриди будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Русия тасмимҳои қатъӣ гирифтан лозим аст, хулоса кард муовини раиси Шӯрои амният.