ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Амирхон Қурбонзода аз вазифаи муовинии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ барканор шуд.
Як рӯз қабл ёвари дигари шаҳрдор, Мавсум Муинӣ бо фармони раисиҷумҳур аз мансаб барканор шуда буд.
Маълум аст, ки акнун ба ҷои Қурбонзода мақоми муовини раисро собиқ директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и Душанбе Ҷамшед Табарзода ишғол мекунад.
Дар мавриди муовини собиқ бошад, бояд гуфт, ӯ бо як қарори дигари раиси ҳукумат ба унвони муовини раиси вилояти Хатлон мансуб шуд.
Ҷойи Муиниро, ки аллакай иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъйин шудааст, кӣ иваз мекунад, маълум нест.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тағйироти ахираш Мирзо Исмоилзодаро аз мақоми раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" барканор кард.
Мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва ҳамзамон Қосим Раҳбар, раиси "Кумитаи рушди маҳал" низ аз мақомҳояшон барканор шуданд.