Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Нишонаҳои хатарноки штамми омикрон дар кӯдакон номбар шуданд

Пизишки кӯдакон мегӯяд, норасоии нафас аз хатарноктарин нишонаи омикрон дар кӯдакон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Пизишки кӯдакон Анна Левадная дар мусоҳиба бо "Тулской служби новостей" ноҷӯрӣ дар роҳи нафас ва кори номуътадили дилро хатарноктарин аломати штамми омикронии коронавирус дар кӯдакон номид.

"Нафастангӣ, зиёд шудани нафаскашӣ, кабуд шудани болои лаб аз нишонаҳои хатарноки омикрон дар кӯдаконанд", - тавзеҳ додааст ин мутахассис.

Ӯ гуфт, дар чунин ҳол кӯдакон шири синаро роҳат макида наметавонанд. Кӯдакони калонсол бошад, аксари вақт аз дарди қафаси сина ва фишурда шудани қафаси синаашон шикоят мекунанд.
Илова бар ин пӯсти беморон нохун ва лаб тағйир мекунад. Ӯ гуфт, агар кӯдакон беҳуш мешаванд ва ё аз ҳад зиёд бемадорӣ мекашанд, бояд зуд ба духтур муроҷиат кард.
Левадная шарҳ дод, ки чаро кӯдакон ба гурӯҳи хавфнок дохил мешаванд.
"Кӯдакон ба гурӯҳи ваксинанашудаҳо тааллуқ доранд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб мегарданд, аз ин рӯ онҳо қишри осебпазири аҳолӣ ба ҳисоб мераванд", - мегӯяд ӯ.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сирри зуд паҳн шудани штамми омикрон маълум шуд
Штамми омикрон ва ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли гузашта дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ кашф шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, он бо даҳҳо таҳаввул дар сафедаи S аз дигар намудҳои вирус фарқ мекунад, ки ба он имкон медиҳанд, аз иммунитет гурезад, аммо нисбат ба навъи қаблии коронавирус - делта зудтар паҳн шавад.
Ба гуфтаи роҳбари "Роспотребнадзор", Анна Попова, сироятёбии омикрон нисбат ба дигар штаммҳо аз се то ҳафт баробар зиёдтар аст.