ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2021" ҷамъбаст шуд.
Бинобар иттилои Вазорати маорифи кишвар, имсол унвони беҳтарин омӯзгор дар ҷумҳуриро як омӯзгори ҷавон аз ВМКБ соҳиб гашт.
"Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 7-и шаҳри Хоруғ ғолиби озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021" гардид", - омадааст дар хабари вазорат.
Гуфта мешавад, дар ҷамъбасти ин озмун муовинони вазири маорифи Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён ва Гулчеҳра Ғанизода ва дигар намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, ҳакамони озмуни "Омӯзгори сол" давоми се рӯз донишу малакаи довталабонро аз рӯи ҳафт шарт санҷиданд.
Бар асоси натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон, Хушбахт Азизбеков ғолиби озмун дониста шуд.
Ҳамчунин Моҳира Мусоева, омӯзгор аз шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, муаллима аз шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгор аз ноҳияи Б. Ғафуров ва Шавкат Тағоев, муаллиме аз ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун “Сипоснома” ва туҳфаҳои пулӣ тақдим шуд.