Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ аст. Дар даргирии ахири марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон се низомии тоҷик захм бардоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 январ — Sputnik. Дар минтақаи муноқиша ҳолати омодабош эълон шуда, тамоми нерӯҳои амниятӣ, артиш ва Вазорати корҳои дохилӣ ба он ҷо эъзом шудаанд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса.
Пас аз чанд лаҳзаи сангпартоӣ вазъ печида шуд аз ду ҷониб тирпарронӣ сурат гирифт. Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса бо техникаҳои ҳарбӣ ҳозир шудаанд.
Вазъ дар марз муташанниҷ аст, тавзеҳ медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тирпаронӣ миёни низомиён дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Маълум аст, ки намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон музокира доранд.
Тирпаронӣ ва задухӯрд миёни марзбонони тоҷику қирғиз идома дорад.
Ҳарбиён ба маҳалли муноқиша ҷалб шудаанд. Се низомии тоҷик захмӣ шуда, ба дармонгоҳи марказии шаҳри Исфара интиқол ёфтаанд.
Пизишкони дармонгоҳ ҳолати маҷрӯҳонро сабук арзёбӣ карданд.