Роҳи мошингарди Рӯшон - Бартанг баста шуд: шарҳи КҲФ

Дар Тоҷикистон хатари тармафароӣ ва резиши санг дар роҳҳои куҳӣ боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Роҳи мошингарди Рӯшон - Бартанг бар асари сангрезӣ муваққатан баста шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, 25 январ, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ дар деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноби ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шуд.

"Дар ҳоли ҳозир роҳи мошингарди Рӯшон - Бартанг муваққатан баста шудааст. Бо талоши кормандон ва техникаи махсуси Вазорати нақлиёт корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад", - афзуд манбаъ.

Кумита мегӯяд, боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии кишварамон ва гарм шудани рӯзҳои ахир хатари фаромадани тарма ва сангрезиро бештар кардааст.
Вазъияти ногувор дар шоҳроҳҳои Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Варзоб - Хуҷанд, Кӯлоб - Дарвоз - Ванҷ - Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб боқӣ мемонад.
Ҳушдори КҲФ аз яхбандиҳо ва тавсия ба мардум
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки чораҳои амнияти шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, ба шикор ва моҳидорӣ рафтан худдорӣ намоянд.
КҲФ шаҳрвандонро хотиррасон мекунад, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафаро худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд ва ронандагон меъёри суръату фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.