Муҳлати иқомат барои як гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд: кадом?

Айнан ҳамин қоида барои шаҳрвандони Русия, ки ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, татбиқ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев созишномае бо Русияро имзо кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони ду кишварро аз зарурати сабти ном барои 15 рӯз озод мекунад.
Қаблан ин муҳлат барои муҳоҷирон аз Ӯзбекистон дар Русия ҳафт рӯз ва дар Ӯзбекистон барои русиягиҳо се рӯз буд. Холо муҳлати будубоши бидуни сабти ном дар рӯзҳои аввали вуруд ба Русия ва Ӯзбекистон барои шаҳрвандони ин ду кишвар тамдид шудааст, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ҳисобкунӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави давлатҳо оғоз мешавад.
Ниҳоди салоҳиятдор барои иҷрои ин санад аз ҷониби Ӯзбекистон Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Мирзиёев ҳамчунин ба Вазорати хориҷа дастур дод, ки ба ҷониби Русия дар бораи иҷрои расмиёти дохилии кишвар барои эътибор пайдо кардани ин созишнома иттилоъ диҳад.
Будубоши ӯзбекҳо дар Русия осон мешавад: муҳлати иқомати онҳо бештар шуд
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия муътақид аст, ки қоидаҳои нав боиси афзоиши шумори шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия ва коҳиши самаранокии назорати муҳоҷират нахоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир озодии 15-рӯза аз сабти ном дар Русия ба шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Арманистон хос аст.
Теъдоди муҳоҷирон дар вилояти Свердловск зиёд шуду ҳуҷҷатгузорӣ осон
Қаблан мақомоти ҳар ду кишвар дар бораи сода кардани тартиби дарёфти патент ва муоинаи тиббӣ барои муҳоҷирони кории ӯзбек тавофуқ карда буданд.
Ҷонибҳо тадбирҳоеро рӯйи даст гирифтанд, ки вақти муҳоҷиронро сарфа ва масрафи онҳоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода, барои бисёре аз шаҳрвандони Ӯзбекистон имкони шуғли иловагӣ фароҳам мекунанд.