Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус бештар киро азоб медиҳад: Шарҳи мутахассис

Як мутахассиси рус мушоҳидаи худро дар бораи ҷараёни беморӣ дар байни онҳое, ки зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд ва онҳое, ки моякӯбӣ нашудаанд, нақл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Онҳое, ки бар зидди коронавирус моякӯбӣ шудаанд, ҳоло ҳам метавонанд гирифтори ин вирус гарданд, мегӯяд духтури бемориҳои дарунӣ, Людмила Лапа.
Ин пизишк қайд кард, ки пас аз ваксинзанӣ шонси ҷараёни шадиди беморие, ки бар асари сироят ба вуҷуд омадааст, амалан аз байн меравад, аммо масунияти комил аз вирусро кафолат додан мумкин нест.
Дар ҳолати беморӣ одамони моякӯбишуда метавонанд шаклҳои сабук ё муътадили бемориро интизор шаванд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сирри зуд паҳн шудани штамми омикрон маълум шуд
Лапа зикр намуд, ки нишонаҳо беморӣ барои ҳар ду гурӯҳ якхела хоҳад буд. Ҳам ваксиншудаҳо ва ҳам нафароне, ки моякӯбӣ нашудаанд, нишонаҳое ба монандии заъф, дарди сар, арқи зиёд ва дарди тамоми баданро эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди ин давомнокии беморӣ хеле кам мешавад: дар баъзе ҳолатҳо то 3 рӯз.
"Барои афроди ваксинашуда ин ҳама дард дар як рӯз ё ҳадди аксар 3 рӯз аз байн меравад. Ҳарорати бадан ҳам ҳамагӣ як рӯз метавонад баланд шавад. Гирифтани табобат шарт нест", - тавзеҳ додааст Лапа.
Мутахассис мегӯяд, ҷараёни бемории нафарони васинанашуда метавонад то 10 рӯз идома ёбад.
"Агар муолиҷаи хуб гиранд, пас 5 рӯзи дигар одам худро нотавон ва сустӣ ҳис мекунад ва баъд барқароршавӣ оғоз мешавад. Агар табобат муқаррарӣ набошад, бемадорӣ то муддати бештар давом меёбад", - шарҳ додааст пизишки бемориҳои дарунӣ.
Ёдовар мешавем, пандемияи COVID-19 моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин оғоз шуда буд. Ҳоло дар ҷаҳон ду тафсири пайдоиши коронавирус вуҷуд дорад.
Аввалин ин аст, ки вирус ба одамон аз хаффошҳо тавассути ҳайвони мобайнӣ интиқол дода шудааст. Дуюм пайдоиши коронавирусро тавассути ихроҷ аз лаборатория мегӯянд.