Сокинони Хуҷанд беоб мемонанд: руйхати кӯчаҳо

Дар маркази вилояти Суғд интиқоли об қатъ шуд, аз сокинон дархост шудааст, ки об захира кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Хуҷанд интиқоли об муваққатан қатъ мешавад, хабар медиҳад Sugdnews бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандводоканал".
Маҳдудияти обтаъминкунӣ аз сабаби анҷоми корҳои таъмирӣ ба амал омадаанд.

"Дар ноҳияҳои алоҳидаи маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ шудааст", — омадааст дар хабар.

Ҳамин тавр, аз соати 9 пагоҳии 26 январ ба далели таъмири истгоҳи "Нав" дар иншоотҳои обтаъминкунии "4", "4а" об қатъ мешавад.
Маҳдудиятҳо ба навоҳии соҳили рост - 8, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, кӯчаи 80-солагии Душанбе ва маҳаллаи Бешкапа дахл доранд.
Гуфта мешавад, пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ интиқоли об барқарор мешавад.
“10 литр об нагирифта хушк мешавад”: шикояти сокинони Хуҷанд аз камбуди оби нушокӣ
Дар бораи замони азсаргирии интиқоли об то ҳол хабар дода нашудааст.
"Хуҷандводоканал" аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардидаи шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки оби ошомиданӣ захира кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости дарёи Сир аз камбуди оби ошомиданӣ нигаронанд.
Ба гуфти шаҳрвандон, вақт ва суръати обрасонӣ хеле кам шудааст.