ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Келине дар ноҳияи Фархор барои қатли хушдоманаш ба 17 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дод. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон алайҳи келин моҳи равон эълон шуд.
Манбаъ изҳор дошт, ки ин фоҷиа аз муноқишаи ночизе миёни келину хушдоман пеш аз зуҳри 9 ноябри соли гузашта дар деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор оғоз шудааст.
Таъкид шудааст, ки келин дар пайи муноқиша бо истифода аз он ки шавҳараш дар хона набудааст, ба хушдомани солхӯрдааш дарафтода, ба узвҳои ӯ ҳашт корд задааст.
Додситонӣ мегӯяд, ин ҷинояти сангин дар ҳузури писарчаи 6-сола, писари зани маҳкумшуда рух додааст.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия келинро бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, банди 2, барои одамкушӣ гунаҳкор дониста, барои 17 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз ҷиноятҳои сангин дар доираи оила рух медиҳанд ва шаҳрвандонро ба хештандорию таҳаммул даъват намуда, меафзоянд, ки мушкилот бояд аз тариқи муросо ҳал гарданд.