Эълони ҳукми зане, ки ҳамсарашро кушт: моҷаро сари пулҳои фарзанди муҳоҷир

Додгоҳи вилояти Хатлон занеро бо ҷурми куштори ҳамсараш равонаи зиндон кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Мусирова Мастона, сокини ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷ.Балхӣ, барои куштори ҳамсараш ба муҳлати 15 сол равонаи зиндлон гардидааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситони кулли Тоҷикистон хонум Мусирова бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам мешуд.
Гуфта мешавад, дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки Мусирова Мастона аз соли 2002 бо Мусиров Халил оиладор буда, соли 2021 миёнашон муноқиша сар мезанад.
Куштори даҳшатбор дар Гулистон: зани ҷавон шавҳарашро бо табар то мурдан зад
Падари хонадон ду сар чорвояшро фурӯхтаву фарзандашро моҳи август барои кор ба Русия ба мефиристад.
Азбаски то охири моҳи октябри соли 2021 писараш ба хона маблағ равон накардаааст, Мусиров ба қаҳру ғазаб омада, бо хулосабарории бофтаи худ, ки гӯё музди меҳнати фарзандашро хешовандони ҳамсараш, ки бо онҳо кор мекард, гирифта ба манфиати худ истифода бурда истодаанд, ба латукӯб ва шабҳо аз хона рондани ҳамсараш машғул шудааст.
Мусиров ахиран рӯзи 18 ноябри соли 2021 такроран ҳамсарашро аз хона ронда, баъдан фарзандони ноболиғашро барои дарёфти модарашон равон карда, таъкид кардааст бе модарашон ба хона бар нагарданд.
Модари хонадон бинобар сардии ҳаво дигар дар берун истода натавониста ба хона бармегардад ва аз ин ҳолат ки, шавҳараш дар хонаи гарм хобидаасту ӯ бо фарзандонаш дар ҳавои сард дар берун хунук хӯрда гаштааст ба қаҳру ғазаб омада, қасди куштани ҳамсарашро мекунад.
Аввал кушту баъд ба дор овехт: мард дар пайи рашк ҳамсарашро буғӣ кард
Ӯ барои ин бо табар чор маротиба ба сари ҳамсараш мезанад ва баъдан ба хонаи хусуру хуштоманаш, ки дар ҳамсоягиашон зиндагони мекунанд рафта хабар додааст, ки гӯё шахси номаълум, ҳангоми хоб будани ӯ бо ахли оилааш, вориди ҳуҷраи истиқоматии онҳо шуда, ба шавҳараш Мусиров Х.У. ҷароҳатҳои ҷисмонй расонида баромада рафтааст.
Худи ҳамон рӯз Мусиров Х.У, аз ҷониби бародаронаш ба беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ бурда бистарӣ мешавад, аммо аз захмҳои шадиди табар ҳалок мешавад.