Лукашенко: Мо ҷанг намехоҳем, вале бояд омода бошем

Президент Белоруссии Александр Лукашенко
Раисҷумҳури Беларус мегӯяд, на ӯ ва на ҳеҷ яке аз раҳбарони низомии ин кишвар хоҳони ҳеҷ гуна ҷанге нестанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки на ӯ ва на ҳеҷ яке аз раҳбарони низомии ҷумҳурӣ ҷангро намехоҳанд.
"Ман мехоҳам, ки шумо маро на танҳо ҳамчун президент, балки ҳамчун як масъули нерӯҳои мусаллаҳ низ бифаҳмед. На ман ва на касе аз генералҳо ва раҳбарони низомии мо ҳеҷ гуна ҷангро намехоҳем", - менависад хадамоти матбуотии президент аз қавли Лукашенко.
Вай дар баробари ин кайд кард, ин маънои онро надорад, ки кас бояд ором бошад, хусусан вақте вазъ дар пеши назари мисоли оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷилвагар мешавад.
Президент РФ В. Путин вручил государственные награды заслуженным российским хоккеистам
Лукашенко гуфт, ӯро тасодуфан президент интихоб карданд: дигар чунин намешавад
"Мо ором шудем, ҳама чиз хуб буд. Ҳоло мо мегӯем, ки мо вақтро ба таъхир андохтану ба ҷанг омода шудан мехостем. Мо, эҳтимол, ҳамеша ба чизе омода набудем. Аммо мо бояд чашмонамонро кушода нигоҳ кунем”, - афзуд Лукашенко.