ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар пайи бархӯрди мошини "Жигули" бо BMW дар вилояти Суғд чор узви як оила ба ҳалокат расид, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса шоми 24-уми январ дар роҳи Хуҷанд - Чаноқ рух додааст.
КҲФ мегӯяд, худрави "Жигули", ки аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идора мешудаст, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Масчо, дар қаламрави шаҳраки Сайҳун бо худрави BMW таҳти идораи сокини 31-солаи Хуҷанд бархӯрдааст.
"Дар натиҷа ронанда ва се нафар мусофири мошини "Жигули" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи онҳо узви як хонадон буданд", - омадааст дар иттилоия.
Наҷотдиҳандагон бо истифодаи техникаи махсус онҳоро аз мошин берун оварда, барои ташхис ба мақомоти дахлдор супоридаанд. Дар мавриди мусофирони BMW гуфта шудааст, ки ронанда ва як мусофираш дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Сабаби пешакии рух додани фоҷиа ҳаракати яке аз мошинҳо бо суръати аз меъёр баланд арзёбӣ мешавад, аммо хулосаи ниҳоиро мақомоти тафтишотӣ муайян мекунанд.
КҲФ бори дигар ба ронандагон ҳушдор додаст, ки боло бурдани суръати ҳаракат дар роҳҳо ҳамеша хатарҳои фоҷеаборро ба дунбол дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар роҳҳои вилояти Хатлон низ тайи рӯзҳои охир ду бархӯрди маргбори худравҳо сабт шудааст, ки дар натиҷа як кӯдаки 6-сола ва як марди 62-сола ба ҳалокат расидаанд.