ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Ба далели таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон СААД ба таҳкими марзи Тоҷикистон бо кишвари ҳамсоя тамаркуз кардааст. Дар ин бора дабири кулли созмон Станислав Зас хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, буҳрони башарӣ дар Афғонистон барои кишварҳои узви СААД низ хатар дорад.
Зас хотиррасон кард, ки вазъияти душвори Афғонистон пас аз берун рафтани низомиёни Амрико якбора печида шуд. Дар ин кишвар буҳрони шадиди башарӣ сар зад ва қариб нуҳ миллион нафар ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳудуди нисфи аҳолии Афғонистон ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд.
Ин вазъ ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва террористӣ мусоидат мекунад.
Зас таъкид кард, ки тиҷорати силоҳ ва маводи мухаддир метавонад дар кишвар афзоиш ёбад.
"Аз ин рӯ мо барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ, пеш аз ҳама марзи Тоҷикистон бо Афғонистон талош мекунем", - гуфт дабири кул.
Вай афзуд, СААД созмони башардӯстона нест, вале дар сурати сар задани ягон буҳрон аъзои ин созмон ҳамдигарро пуштибонӣ мекунанд.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буд. Ба гуфтаи вай, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон боиси нигаронӣ аст.