Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Авҷи омикрон масҷидҳои Русияро мебандад? Посухи муфтӣ

Мусалмонҳо дар пасманзари паҳн шудани штамми омикрон тасмими баргузор кардани ҳамоишҳои ҷамъиро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Русия феълан тамоми масҷидҳо ба рӯйи намозгузорон бозанд ва ҳоло тасмими масдуд кардани онҳо гирифта нашудааст. Дар ин бора муфтии олӣ, раиси Идораи марказии динии мусалмонони Русия Талгат Тоҷиддин аз тариқи радиои "Говорит Москва" хабар дод.
Қаблан гуфта мешуд, ки масдуд шудани масоҷид аз вазъи коронавирус дар Русия вобастагӣ дорад.
Ба гуфтаи Талгат Тоҷиддин, дар ҳоли ҳозир диндороне, ки дар хатар қарор доранд, метавонанд ба хидмат наоянд, балки пахши рӯйдодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кунанд.

То ҳол дар кишвари мо вазъ камубеш хуб аст, тамоми меъёрҳои санитариро риоя мекунем. Агар аз ҷониби мақомот чунин тасмим гирифта шавад, мо низ онро риоя хоҳем кард", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи муфтӣ, феълан масҷидҳо ба талабот пурра ҷавобгӯянд, ба риояи фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб диққати махсус дода мешавад.
Вай ҳамчунин қайд кард, тибқи дастури динӣ, дар вақти эпидемия диндорон бояд дар бораи наздикони худ ғамхорӣ кунанд ва аз эҳтиёт кор бигиранд.
Вазири тандурустӣ теъдоди ваксинагирифтаҳо дар Русияро эълон кард
"Аз ин рӯ барои онҳое, ки ба масҷид омада наметавонанд, намози ҷумъа баргузор намуда, барои шахсони гирифтори бемории музмин дар "Инстаграм" ва сомонаи идора пахш мекунем", - гуфт манбаъ.
Дар Русия ҳоло теъдоди гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва ин вазъро роҳ ёфтани штами омикрон ба ин кишвар боз ҳам мушкилтар кардааст. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар беш аз 65 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд.