Баррасии масоили ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон миёни Раҳмону Си Ҷинпин

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти маҷозии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иштирок хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Мулоқоти маҷозии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории чинии CGTN дар истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти маҷози роҳбари Чин Си Ҷинпин, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қирғизистон Садир Ҷабборов, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат меварзанд.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории мутақобиларо баррасӣ хоҳанд кард.
Раҳмон онлайнӣ бо Ҷинпин ва президентҳои Осиёи Миёна суҳбат мекунад
Ин дар ҳолест, ки 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфт, роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд.