Ҳушдори КҲФ аз яхбандиҳо ва тавсия ба мардум

КҲФ барои пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш чанд тавсия ироа намудааст. Аз ҷумла аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки боми манзилҳои худро сари вақт аз барфу ях тоза кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, бинобар сардиҳо ва яхбандӣ сар задани ҳодисаҳои нохуш имконпазиранд.
Аз ин рӯ ин ниҳод дар вебгоҳаш ба сокинону ронандагон чанд тавсияи муҳим ироа намудааст. Аз ҷумла кумита мегӯяд, сокинон бояд бому новаҳоро аз шӯшаҳои ях тоза кунанд, то роҳгузарон ҷароҳатдор нашаванд.
Ҳамчунин аз волидон дархост шудааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аснои ба сайру гашт баромадан онҳоро аз хатарҳои эҳтимолӣ дар роҳҳо огоҳ намоянд.
Кумита ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки ба сабаби гарм шудани дамои ҳаво об шудани барфҳо ва пиряхҳо як амри табиист ва дар роҳҳои кӯҳӣ ин метавонад сабаби хатар бошад, чун маъмулан гармии ҳаво муҷиби лағзиши тарма мешавад.
КҲФ ҳашт масири хатарнок барои ҳаракат дар Тоҷикистонро ном бурд
Илова бар ин кумита ронандагонро низ ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, тавсия додааст, ки қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ҳатман дар бораи вазъи роҳҳо аз манбаъҳои дахлдору огоҳ, аз қабили КҲФ, БДА, Вазорати нақлиёт маълумот дастрас кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд зимистон сабук мегузарад, вале дар минтақаҳои кӯҳӣ резиши барф зиёд сурат мегирад. Дар ин мавсим роҳҳои минтақаҳои кӯҳӣ бештар осебпазир буда, аз сабаби фаромадани тарма ва ё резиши санг масдуд мешаванд.
Хушбахтона, аз авоили фасли зимистон то ҳол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.