ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади як ронандаи таксӣ пайдо шуд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Манбаъ меафзояд, муҳоҷири кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 26 сол доштааст.
Ҷасади тоҷикистонӣ дар ҳоле пайдо шуд, ки ҳалқаш бурдида шуда, ҳамзамон чанд зарби корд низ дар ҷасадаш ҳувайдо буд. Феълан маълум нест, ин муҳоҷир дар чӣ ҳолат кушта шудааст, вале ҷасади беҷонаш дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳи мазкур дар дохили мошин қарор дошт.
Тибқи фарзияи пешакӣ, марҳум мусофиронро ба фурудгоҳ овардааст.
Тибқи иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, муҳоҷири кушташуда охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Федератсияи Русия омада, патент гирифтааст, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аллакай видеоҳои дурбинҳоро тафтиш кардаанд. Онҳо сабт кардаанд, ки пеш аз марг дар мошин якбора се мусофир қарор доштааст.
Эҳтимол меравад, дар мошин миёни мардон муноқиша рух дода, ки баъдан ба куштор мунҷар шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло дар робита ба ҳодисаи куштор, бар асоси қисми 1, моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодааст.