ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар вилояти Хатлон аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи умумии 3 миллиарду 78 миллиону 52 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин маблағ 394 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 4987 километр таъмири ҷорӣ, 386 километр сангфарш, инчунин таъмиру азнавсозӣ дар 135 адад пулу қубурҳо корҳо иҷро гардиданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2 миллиарду 879 миллиону 820 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар таъмиру навсозии роҳҳо соҳибкорон низ фаъолона ширкат доштанд.
“Аз ҳисоби соҳибкорон дар робита ба таъмири асосӣ 175,6 километр, таъмири ҷорӣ 50,4 километр, сангфаршкунӣ 316,0 километр, таъмиру барқарорсозии 46 пул ва 9 қубур ҳамагӣ ба маблағи 102 млн. 208,1 ҳазор сомонӣ корҳое иҷро гардид”, - қайд кардааст дафтари матбуотии мақомоти Хатлон.
Ҳамзамон ба иттилои мутахассисони шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти вилояти Хатлон дар соли 2021 ҳаҷми борбарӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми борбарӣ дар соли гузашта 25 милион тонна иҷро гардида, мусофирбарӣ ба 113,6 милион нафар расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум мутаносибан 107,2 ва 112,1 фоизро ташкил медиҳад.