ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон.
Дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон дар бораи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар таъкид кард.
Қурбон Ҳакимзода дастур дод, ки бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ барпо намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар вилояти Хатлон бо таҳким бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои оммавӣ, вусъати умури кишоварзӣ, ташкили чорабиниҳои варзишӣ аз имрӯз омодагӣ бояд гирифт.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки барои таҳкими раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои паёми президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Солҳои рушди саноат-2022-2026, ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.