ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Бад шудани равобити бе ин ҳам мушкили Русия ва ИМА боиси заиф шудани қурби доллар мешавад, гуфт раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский дар суҳбат бо "Комсомольская правда".
"Бале, ҳоло (рубл– идора.)-ро харидан лозим аст. Шояд равобити НАТО, ИМА ва Русия башиддат бадтар мешавад ва ин метавонад боиси он шавад, ки доллар арзиши қаблии худро аз даст диҳад",- шарҳ дод Жириновский.
Ба гуфти сиёсатмадор, дар сурати ҷудо кардани Русия аз низоми байналмилалии бонкии SWIFT низ Амрикориро ҳамин сенария интизор аст, зеро шаҳрвандон наметавонанд муомилоти молиро бо доллар анҷом диҳанд ва он гоҳ "ин коғазҳо" ба ҳеҷ кас лозим нахоҳад шуд.
Жириновски афзуд, ҳоло сармоягузорӣ ба пули Амрико хатарнок аст.
"Доллар шикаст хоҳад хӯрд, чуноне, ки шаҳрвандони мо ба он дилбаста шудаанд, рубл ҳеҷ гоҳ намешиканад. Чӣ гунае ки пули шаҳрванд дар бонк нигоҳ дошта мешуд, ҳамон тавр мемонад", - гуфт ӯ.
Пештар Ҷен Псакӣ, котиби матбуотии Кохи Сафед гуфта буд, ҳамчун таҳрим алайҳи Кремл Ҳукумати ИМА имкони қатъи бонкҳои Русия аз системаи байналмилалии бонкии SWIFT-ро баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки таҳримҳои Амрико ба Русия зиён намерасонад. Баръакс ин кишвар ба истеҳсоли бисёр молҳои импортӣ шуруъ намуд ва аз вобастагӣ аз Ғарб озод гардид.