ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Раёсати муҳоҷирати вилояти Свердловск мегӯяд, соли гузашта аз кишварҳои дигар ба ин минтақа 133 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ омадааст.
Аксари муҳоҷиронро мисли пешин шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил медиҳанд. Аксари онҳо ба ин ҷо барои дарёфти пул ва ҳамагӣ 5%-и хориҷиён барои таҳсил сафар кардаанд.
Шумораи муҳоҷирони сабтиномшуда низ ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар соли нав барои роҳати онҳое, ки аз кишварҳои дигар омадаанд, муҳлати пешниҳоди баъзе хидматрасониҳо кам шуд.
Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти меҳнатӣ дар ин вилоят акнун метавонад дар давоми панҷ рӯз ва сабти ном дар шаш рӯз ба даст оварда шавад. Ҳамчунин тайи се ҳафтаи ахир муҳоҷирон муваззаф шудаанд, ки маълумоти биометриро ба мақомот пешниҳод кунанд.
"Бақайдгирии дактилоскопӣ ва аксбардории шаҳрвандони хориҷӣ, аз қабили муҳоҷирони корӣ ҳатмӣ аст", - гуфт Вероника Коваленко, муовини сардори Раёсати муҳоҷирати Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Свердловск.
Ин талабот нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия на бо мақсади кор, ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз меоянд, низ татбиқ мешавад.
Қаблан маълум шуд, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Санкт-Петербург афзоиш ёфтааст. Дар охири соли 2021 шумораи муҳоҷирон дар пойтахти шимолӣ беш аз 320 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 24% бештар аст.
Ин коргарони муҳоҷир аслан дар бахшҳои тавлид, таъминоти моддию техникӣ, сохтмон, савдо, хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолият мекунанд.
Шаҳрвандони кишварҳое, ки низоми вуруди бидуни раводид доранд, аксариятро ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, бинобар андоз аз даромад ё пули патенти коргарони хориҷӣ буҷаи шаҳр барои соли 2021 соҳиби тақрибан 6 миллион рубл шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши теъдоди муҳоҷирон мақомоти Санкт-Петербург тасмим гирифтаанд, барои ҳифзи ҳуқуқ ва раванди бо кор таъмин кардани коргарони хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Созишнома бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ дар ин кор кумак хоҳад кард.