Аз "пули овезон" то боми чӯбин: меъмориҳои афсонавии Ҷаҳон — акс

Аккосони беш аз 100 кишвари ҷаҳон ҳазорон сурати меъмориро ба озмуни “Санъати бинокорӣ” пешниҳод кардаанд. Тасвирҳои ғайриоддиро дар гулчини Sputnik бубинед
Sputnik
Озмуни аксбардории "Art of Building" бонуфузтарин намоишгоҳи байналмилалии аксбардории рақамӣ дар соҳаи меъморӣ маҳсуб мешавад. Дар он ҳам суратгирони касбӣ ва ҳам ҳаводор метавонанд ширкат кунанд.
Соли гузашта суратгирони беш аз 100 кишвари ҷаҳон асарҳои худро ба озмун пешниҳод карданд.
Озмун ба онҳо имкон дод, ба биноҳое, ки ба ҳама маълуманд, аз бо диди нав нигоҳ кунанд ва баръакс, биноҳоеро, ки дар шаҳрҳои хурди сайёҳӣ ҷойгиранд, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
1 / 12

Барои аксбардорӣ аз манораи маҷмааи тиҷоратии "Лахта Сентр" дар Санкт-Петербург, аксбардор Михаил Проскалов аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кардааст. Баландии марказ 462 метр аст. Чунин акси олиҷаноб ба Михаил дар озмун пирӯзӣ овард.

2 / 12

Барои гирифтани ин акси мазори Ҳумоюн дар Ҳиндустон, аксбардор Раҳомон Ҳусайн якуним соат интизор шуд. Барои композитсия ба ӯ ҳузури танҳо як нафар дар чаҳорчӯба лозим буд. Зани солхурдае, ки дар лаби об менишаст, беихтиёр ба суратгир ёрй расонд, ки нақшаашро амалӣ кунад.

3 / 12

Ғурфаи Ҷопон дар EXPO Дубай низ як манбаи илҳом барои суратгирон шудааст.

4 / 12

Намоиши бинои Капитолй дар болои хиёбон. Ин муқоисаи куҳна ва нав буд.

5 / 12

Пули Бискэй, ки бо номи Пули овезон низ маъруф аст, аз соли 2006 ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил мешавад. Он аз ҷониби Фердинанд Арнодин, донишҷӯи бевоситаи Эйфел, соли 1893 сохта шудааст.

6 / 12

Кӯчаи Норилск. Хонаҳо бо рангҳои дурахшон оро дода шудаанд, то онҳо дар шаби қутбӣ зебо намоянд.

7 / 12

Бозии рӯшноӣ ва сояҳо. Шаби сарди зимистон дар сохтмоне, ки зоҳиран партофташуда буд, аммо субҳи барвақт, сарфи назар аз ҳавои номусоид, кор дар ин ҷо ҷараён дорад ва пас аз як сол одамон ба манзилҳои худ мекӯчанд.

8 / 12

Зинаҳои ғайриоддӣ аз бетон дар қасри куҳна.

9 / 12

Меъморон тасмим гирифтанд, ки яхмолакбозонеро, ки дар зери гумбази ин бино машқ мекунанд, шод гардонанд. Барои он ки таълим бештар лаззати эстетикӣ оварад, гумбаз ба таври ғайриоддӣ ранг карда шудааст.

10 / 12

Боми кӯҳнаи чӯбӣ.

11 / 12

Ба назар чунин менамуд, ки он як купруки оддй буд. Бо вуҷуди ин, аз сабаби бозии рӯшноӣ ва соя дар рӯзи офтобӣ, он хеле бофташуда ба назар мерасад.

12 / 12

Барои дидани меъмории зебо ҳеҷ гоҳ дер нест. Ба гуфтаи як иштирокчӣ он чизеро, ки меҷӯед, ҳамеша имконпазир аст, ба шумо лозим аст, ки чашмони худро васеъ кушоед, то барои дидани ҳамаи ин меъмориҳои афсонавӣ ва такроршаванда омода бошед.