ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз заминларза рух дод.
Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дар бораи сабти заминларза хабар дод.
Ҳодиса рӯзи 22 январ соати 7:41 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Шиддати ларзиш 3,8 балл ва маркази заминларза дар умқи 15 километр будааст.
Тибқи координатҳои нашркардаи ин идора метавон хулоса кард, ки маркази зилзила дар шимоли ВМКБ, дар наздикии маҳаллаи Сафедорон будааст.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафот ва харобиҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ иттилоъ надодааст.
Барои тоҷикистониён, ин аввалин заминларзаи ба қайд гирифташуда дар соли 2022 нест.
Субҳи барвақти рӯзи 21 январ низ дар қаламрави кишвар заминларзаи 3,8 балла сабт гардида буд.
Ҳамзамон ларзиши шадидтар як ҳафта қабл, рӯзи 15-уми январ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон дар кӯҳҳои Ҳиндукуш бо шиддати 5,5 дараҷа сабт шуд. Ин ҷунбиш дар Афғонистон зиёда аз 20 қурбонӣ дар пай дошт.
Дар ин кишвар рӯзе чанд бор ларзиши замин, аз 4 то 5,5 балл сурата мегирад.
Қаблан Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон шарҳ дода буд, ки қисми зиёди Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол аст, бинобар ин дар ин қора заминларзаҳои зиёд рух медиҳанд.
Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором дохиланд.