ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Интиқоли маблағи афроди воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар як сол 8% коҳиш ёфта, ба 496 миллион доллар баробар шудааст, хабар медиҳад Бонки марказии Русия.
Миқдори умумии интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи сеюм ба ҳисоби солона 12% афзоиш ёфт - аз 3 миллиарду 198 миллион доллар дар семоҳаи сеюми соли 2020 ба 3 миллиарду 586 миллион доллар дар семоҳаи сеюми соли гузашта расид.
Ба иттилои ин ниҳод, бештари маблағҳо аз Русия ба Ӯзбекистон фиристода мешавад - ҳаҷми умумии он 32% афзуда, ба 1 миллиарду 528 миллион доллар расидааст.
Нишондиҳандаҳои интиқоли пул ба Арманистон низ 20% афзуда, ба 279 миллион доллар ва интиқоли пул ба Беларус 19% афзуда, ба 106 миллион доллар расидааст. Қирғизистон низ вориди сегонаи аввал мешавад - дар соли 2021 ба он ҷо аз Русия 9% бештар маблағ фиристода шудааст, ки он 639 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба ҷуз аз Қазоқистон интиқоли пул аз Русия ба Озарбойҷон 4% низ коҳиш ёфта, ба 224 миллион доллар ва ҳамчунин 24% то 73 миллион доллар ба Молдова расидааст.
Интиқол ба Украина бетағйир мондааст - 199 миллион доллар.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми пулҳои ирсолкардаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Ватан дар соли 2021 нисбат ба содироти филизоти қиматбаҳо, сангҳои нимқиматбаҳо ва металлҳо 54,6% бештар будааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар 11 моҳи соли гузашта тақрибан 40 фоизи ҳаҷми умумии содироти кишвар ба содироти металлҳои қиматбаҳо рост меояд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳамагӣ дар 9 моҳ ҳаҷми интиқоли пули шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,3 миллиард долларро ташкил додааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 5,6% бештар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар соли 2020 муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 1,7 миллиард доллар фиристодаанд.