Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд

Ҳатто чунин шахси барҷастаи фарҳанги амрикоӣ метавонад ба вазъияти ногувор дучор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сиёсатмадор, актёр ва варзишгари собиқи амрикоӣ Арнолд Швартснеггер ба садама дучор шуд.

"Арнолд бо мошини сабукрави "Yukon" ба як худрави сурхи "Prius" бархӯрд... Худрави ҳунарманд чаппа шуда, дар болои "Prius" қарор гирифт", -навиштааст нашрияи TMZ.

Дар натиҷаи садама ситораи "Ҳолливуд" осеб надидааст, вале ёрии таъҷилӣ занеро, ки ронандаи мошини дигарӣ будааст, ба бемористони наздиктарин бурдааст.
Гуфта мешавад, ки вай аз сараш осеби ҷиддӣ дидааст.
Расонаҳо навиштаанд, ҳунарпеша аз вазъи ронандаи "Prius" нигарон аст ва гуфтааст, ки мехоҳад, ӯро бубинад.
Ба гуфтаи шоҳидон, бархӯрд ба ҳадде сахт буд, ки болиштҳои муҳофизатии дар мошини Швартснеггер насбшуда ба кор даромадаанд.
Гунаҳкори садама, тибқи маълумоти пешакии пулис, собиқ губернатори Калифорния будааст: ӯ аз чароғаки сурхи роҳнамо гузаштааст.
Ҳолати ҷисмонии Швартснеггер нишон намедод, ки ӯ зери таъсири машрубот ё маводи мухаддир қарор дорад.