ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳукумати толибон дар робита ба изҳороти раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар бораи имконнопазир будани муттаҳидии мардуми Афғонистон вокуниш карданд.
Байден рӯзи ҷумъа дар як суханронияш гуфт, мардуми Афғонистонро ҳеҷ кас наметавонад муттаҳид кунад.
"Вазорати корҳои хориҷии Имороти Исломии Афғонистон (номи давлате, ки толибон истифода мебаранд - идора) қотеона суханони раисҷумҳури Амрико дар мавриди имконнопазир будани ваҳдат дар ин кишварро рад мекунад", - афзуд Абдулқаҳор Балхӣ дар сафҳааш дар "Twitter".
Толибон мегӯянд, дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд "амнияти умуӣ, таъсиси ҳукумати марказӣ ва муттаҳид кардани мардуми Афғонистон"-ро таъмин кунанд.
Ба бовари онҳо, ҷанҷол як падидаи беруна аст, ки аз ҷониби истилогарони хориҷӣ барои зинда мондан барангехта шудааст.
"Аммо мардуми Афғонистон бо эътиқоди исломӣ ва таърихи пуршараф онҳоро шикаст дода, ҳоло дар роҳи барқарор кардани як миллати баробарҳуқуқ қадамҳои қатъӣ мегузоранд", - таъкид намудааст намояндаи толибон.
Рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед Ҷо Байден гуфт, Афғонистон "гӯри империяҳо" аст, зеро он "ваҳдатро қабул намекунад".
Толибон пас аз он ки ҳукумати Амрико тасмими берун кардани низомиёнашро аз хокии Афғонистон эълон кард, малиётҳои густурдаро барои барққарор кардани назорат дар ин кишвар бештар карданд.
Онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ Афғонистонро тарк кард.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди толибон ҳоло ҳеҷ як давлат ҳукуматашонро ба расмият қабул накардааст.