Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам

Раисҷумҳури Қазоқистон сабаби аслии нооромиҳои рӯзҳои аввали соли равон дар ин кишварро ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Тоқаев мегӯяд, фарқи калони миёни даромади қазоқистониҳо гӯгирде дар назди маводи тарканда шуд, ки иғвогарон аз он истифода карданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, аз рушди иқтисодӣ дар ин кишвар асосан элита фоида мегирад ва бархе оморро ном бурд. Ба навиштаи Sputnik Қазоқистон, президент зикр кард, ки дар сохтори даромади миллӣ дар соли 2020 аз ҳама зиёд бахши соҳибкорӣ ҳисса дорад, ки 61,5% аст, аммо ҳиссааш дар андоз ба 7,3% рост меояд. Ӯ таъкид намуд, ки барои маоши қазоқистониҳо камтар аз сеяки даромади миллӣ рост меояд.

"Фоидаро гурӯҳҳои маҳдуд мегиранд, даромади аксарияти аҳолӣ коҳиш ёфта истодааст. Ин хатари ҷиддӣ барои амнияти кишвари мо мебошад. Он метавонад ба азҳампошии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва баъдан сиёсӣ оварад", - гуфт Тоқаев.

Раисҷумҳури Қазоқистон изҳор доштааст, ки заминаҳои асосии сиёсати нави иқтисодӣ дар кишвар бояд рақобати солим, шаффофияти қарорҳои қабулшуда, пешгӯишаванда будани сиёсати давлатӣ, бовиҷдонии бахши хусусӣ дар масоили андоз ва масъулияти иҷтимоии соҳибкорон бошад.
Назарбоев ҳуқуқи суханронӣ дар парлумон ва ҳукуматро нигоҳ медорад
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонун таъмин гардад.
Ба гузориши СММ, дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон, 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб дидаанд.