ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Тоҷикистон бастаи нави ваксина алайҳи маризии корона дарёфт кард. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дода, саҳми барномаи COVAX ва Бонки умумиҷаҳониро дар ин амр муҳим хонд.
"Дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳаи грантии ТЕС-19-и Бонки умумиҷаҳонӣ ва бо мусоидати механизми COVAX тавассути ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон 650 400 воя ваксинаи "Moderna" ворид гардид", - омадааст дар хабари вазорат.
Зимнан ин ниҳод таъкид намудааст, ки то 20 январи соли равон беш аз 4 355 582 нафар ва ё 75,6 фисади шаҳрвандони мамлакат алайҳи вируси COVID-19 моякӯбӣ шудаанд.
Илова бар ин вояи дуюми ваксинаро то таърихи зикргардида дар ҳудуди кишвар 3 636 802 нафар ва ё 63,1 дарсади шаҳрвандон гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, сеюми июли соли гузашта Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус қароре ба тасвиб расонд, ки дар зимни он шаҳрвандони аз 18-сола ройгон бояд ваксина гиранд.
Ҳоло дар пасманзари хуруҷи штамми омикрон дар ҷаҳон дар Тоҷикистон нахуст табибонро бо вояи савуми ваксина таъмин мекунанд. Ваксинагирӣ бо вояи савум идома дорад ва вазорат зикр намуд, ки пас аз табибон омӯзгорон, кормандони идораҳои давлатӣ, пирон ва нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, моякӯбӣ мешаванд.