Аз ҳалли масъалаи қарздорӣ то бунёди “Роғун”: Раҳмон ба бахши энергетика чӣ дастур дод?

Президенти Тоҷикистон бахши энержии кишварро вазифадор кард, ки масъалаи қарздорияшонро ҳал ва барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ чораандешӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат натиҷаи кори бахши энержии кишварро баррасӣ карда, вазифаҳои он барои ояндаро мушаххаст намуд.
Раисҷумҳур ба Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обӣ, Хайрулло Сафарзода, директори генералии НБО “Роғун” ва сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода вобаста ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар таъсисоти энергитикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ дастуроти мушаххас додааст.
Ҳамзамон ин афрод дар умури тиҷоратии нерӯи барқ, бартараф намудани қарздорӣ вобаста ба таъминоти нерӯи барқ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон, навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо аз раисҷумҳур дастур гирифтаанд.
Тақсими "Барқи тоҷик" ба се ширкати алоҳида ва афзоиши пул: Вазир се дастоварди солро гуфт
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, кам кардани талафоти техникиву тиҷоратии он, таъмини самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа аст.
Дар бахши таъмини истиқлоли комили энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои НБО "Роғун" ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ, аз ҷумла бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро раисҷумҳур муҳим арзёбӣ кард.
Ӯ гуфт, вазифаи муҳимтарини ҳамаи мо дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъат додани бунёди НБО "Роғун" ва соҳоти муҳимтарин аст.
Ба гузориши Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар лоиҳаҳое ба маблағи 16,6 млрд сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор доранд.
Ӯ гуфт, дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020 – 853 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд гардид.