Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Сироятшинос гуфт, кай омикрон дар Русия ба авҷи худ мерасад

Авҷи умумӣ дар Русия каме тӯлонӣ ва норавшан хоҳад буд, зеро ҳар як минтақа ба ин раванд алоҳида дохил карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Авҷи мизони ибтило ба коронавирус дар Русия миёнаҳои моҳи феврал мерасад.
Аммо дар Маскав он каме пештар меояд. Ҳамин тариқ шумораи максималии гирифторони омикрон дар охири моҳи январ - аввали феврал рух медиҳад, гуфт дар суҳбат бо ТАСС мутахассиси бемориҳои сироятӣ Евгений Тимаков.
Ба гуфти ӯ, давраи инкубатсияи омикрон ба ҳисоби миёна 2-3 рӯз ва ҳадди аксар 7 рӯзро ташкил медиҳад.

"Ҳисоб кунед, 4 давраи инкубатсия ва 4-ум ҳадди аксари беморӣ хоҳад буд. Дар Маскав ин дар охири январ - аввали феврал хоҳад буд, зеро вай аввалин шуда, ба ин раванд ворид шудааст", - гуфт духтур.

Вай инчунин афзуд, ки қуллаи умумӣ дар қаламрави Русия каме тӯлонӣ ва норӯшан хоҳад буд, зеро ҳар як минтақа ба ин раванд ба таври худ ворид мешавад.
Аммо ба гуфти мутахассиси бемориҳои сироятӣ, ба эҳтимоли зиёд дар ин кишвар сироятёбӣ вуҷуд дорад. Азбаски омикрон дар одамони гирифтори коронавирус ё ваксинашуда нишонаҳои сабукро ба вуҷуд меорад, дар шакли маҳкамшавии бинӣ, дарди гулӯ, на ҳама беморон ба духтур муроҷиат мекунанд.
"Ва бо нишонаҳои сабук онҳо ташхис намегузаранд, аз ин рӯ мо тасвири воқеиро намебинем", - гуфт духтур.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Ба беморхона наравед: Мясников гуфт, зимни гирифторӣ ба омикрон бояд чӣ кор кард
Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
То 20 январ дар як шабонарӯз дар Маскав 11557 ҳолати нави ибтило ба коронавирус ошкор шудааст.
Қаблан мақомоти Маскав ба далели афзоиши шумори гирифторӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда буданд.
Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор доданд
Хамин тавр дар муассисаҳои тиббӣ шумораи духтурони навбатдор зиёд карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки дар сурати ошкор шудани нишонаҳои зуком шаҳрвандон метавонанд бидуни номнависии пешакӣ ба дармонгоҳ муроҷиат кунанд.
Ҳамчунин дар пойтахт барои афроди аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин то 1 апрели соли 2022 реҷаи хонашинӣ тамдид карда шуд.