Намозгузорӣ дар масҷид ва дидор бо Путин: нахустин сафари Раисӣ ба Русия - акс

Раисҷумҳури Эрон бо як сафари расмии дурӯза вориди Русия шуд
Sputnik
Мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин нахустин дидор аз замони ба қудрат расидани ин сиёсатмадори эронӣ буд.
Ӯ бо даъвати сарвари Русия ба ин кишвар омадааст. Сиёсатмадорон дар Кремл гуфтушунид карданд. Раисӣ дар Думаи давлатии Русия низ сухан ронд.
Раисиро дар ин сафараш вазирони корҳои хориҷӣ, нафт ва иқтисоди Эрон ҳамроҳӣ мекарданд.
1 / 14

Пешвозгирии президенти Эрон Иброҳими Раисӣ дар фурудгоҳи Маскав.

2 / 14

Ин нахустин сафари раиси Ҷумҳурии Эрон ба Русия пас аз интихобаш ба ин мақом аст.

3 / 14

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Эрон дар Маскав мулоқот кард.

4 / 14

Президенти Эрон дар дидор бо раисҷумҳури Русия.

5 / 14

Мулоқот бо Владимир Путин нахустин дидор аз замони ба қудрат расидани ин сиёсатмадори эронӣ буд.

6 / 14

Владимир Путин, президенти Русия, дар мулоқот бо раисҷумҳури Эрон Сайидиброҳими Раисӣ.

7 / 14

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ дар ҷаласаи умумии Думаи давлатии Федератсияи Русия суханронӣ кард.

8 / 14

Муфтӣ, Шайх Равил Гайнутдин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, раиси Идораи рӯҳониёни мусалмони Русия ва Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Эрон.

9 / 14

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим дар ҷаласаи умумии Думаи давлатии Федератсияи Русия суханронӣ кард.

10 / 14

Аъзои ҳайати Раисӣ аз вакилони сиёсӣ ва иқтисодӣ, вазирони корҳои хориҷӣ, нафт ва иқтисоданд.

11 / 14

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Раисӣ дар ҷаласаи умумии Думаи давлатии Федератсияи Русия.

12 / 14

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳими Раисӣ ва раиси Шӯрои муфтиҳои Русия, раиси Идораи рӯҳониёни мусалмони Русия, муфтӣ, Шайх Равил Гайнутдин (аз чап) дар дидор бо намояндагони Идораи рӯҳониёни мусалмони ин кишвар дар масҷиди Маскав.

13 / 14

Мусалмонон дар масҷиди ҷомеи Маскав намоз мегузоранд.

14 / 14

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Раисӣ дар дидор бо намояндагони Идораи рӯҳониёни мусалмони Русия дар масҷиди ҷомеи Маскав

Дар ҳошияи мулоқоти президентҳо гуфта шуд, Маскав ва Теҳрон метавонанд якҷоя бо Амрико дар арсаи байналмилалӣ мухолифат кунанд.
Раисӣ изҳори умедворӣ кард, ки Русия ва Эрон ҳамеша мушорикати стратегии худро густариш хоҳанд дод.