ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Манижа Сангин, овозони тоҷиктабори муқими Русия чанд рӯзи ахир мавриди интиқодҳои шадид аз ҷониби ҳамватанони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, қарор гирифт.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷик бар сари Манижа борони нафрину бадбинӣ рехтанд. Ба чунин вокуниши онҳо чаҳраи "Equal" интихоб шудани Манижа ва аксҳои нимурёни ӯ сабаб шуд. Аммо ин ҳунарманд новобаста ба интиқодҳои шадид ҳамоно аз фарҳанг ва таомҳои миллии тоҷикона ба ҷаҳон мегӯяд.
Ӯ ва модараш дар партави лоиҳаи СММ барои гурезагон тарзи тайёр кардани ош ва самбӯсаи тоҷикиро нишон дода, видеои онро нашр намудаанд.
Дар видео ошпас ҳарчанд модари Манижа, хонум Наҷиба буд, аммо духтараш ба ҳайси дастёр ба ӯ кумак мекард ва зимни суҳбату омода кардани ғизо чанд бор вожаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла "самбӯса", "дам", "зирбак" ва "бо иштиҳо"-ро баён кард.
Ин навбат либосе, ки Манижа ба бар дошт, куртаи остиндарози васеъ буд ва ҳамчунин мӯйҳояшро пича бофтааст, ки одатан занони тоҷик ба ин тарз мӯйбофӣ мекунанд.
Аммо аксҳои Манижа, ки дар лавҳаи таблиғотии Таймс-сквери Ню-Йорк пайдо шуданд, ҳунармандро ба ҳуҷуми хейтерҳо рӯ ба рӯ кард. Аксари корбарон навиштаанд, ки ин ҳунарманд бояд дигар худро тоҷик нагӯяд. Дар посух ба интиқодҳои шадид Манижа як "Reels" нашр намуд ва дар ин видео изҳор дошт, ки ин зиндагии ӯст.
Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни "Eurovision - 2021" намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.
Вай бо таронаи "Russian Woman" баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги ин кишвар муттаҳам карданд.