ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Русия ба Украина ҳамла карданӣ нест, изҳор дошт вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров.
"Шумо мегӯед, мо ба Украина ҳамла карданӣ ҳастем, ҳарчанд борҳо тавзеҳ додаем, ки ин тавр нест", - гуфт ӯ пас аз гуфтугӯ бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен.
Ҳамчунин вазири умури хориҷии Русия изҳори бовар намуд, ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.
"Истисно намекунам, ки ин воҳимаи шарикони ғарбӣ, агар ба такон додани мақомоти Украина ба истифодаи нерӯ равона нашуда бошад, ҳадди ақал пуштибонӣ намудани Киев дар сарфи назар кардани созишҳои Минск мебошад", - гуфт вазир.
Вай афзуд, бори дигар даъват кардааст, ки ба мақомоти Украина таъсиррасонӣ сурат гирад, то созишномаҳои Минскро иҷро кунанд.
"Борҳо гуфтаем, ки низоми Киев танҳо ба фитаангезӣ бо истифода аз пуштибонии сармоягузорони ғарбияш машғул аст. Вақте ин дағдағаҳои русбезорӣ қатъ мешаванд, корношоямии ин режим маълум хоҳад шуд", - таъкид намуд Лавров.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.