Вокуниши Манижа ба хейтерҳо, ки мегӯянд, худро "тоҷик" нагӯяд: Ин зиндагии ман аст - видео

Пас аз чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии "Equal" интихоб шудан ба Манижа Сангин, ба хейтерҳои тоҷик ҳуҷум карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Манижа Сангин ба суханони хейтерҳо, ки мегӯянд, худро "тоҷик" нагӯяд, бо нашри як "Reels" вокуниш кард.
Манижа Сангин мегӯяд, ин зиндагии ӯст ва посухе аз ҳама хуб ба хейтерҳо ҳеҷ кор накардан дар қиболи онҳост.
Дар ҳамин ҳол Манижа Сангин чанд шарҳро, ки зери "Reels"-аш навишта шудааст овардааст:

"Шармандагӣ, на ифтихор. Бигзор, бигӯяд, ки ӯ тоҷик нест. Аз чунин занон шармам меояд" , - навиштаанд дар шарҳҳо.

Ёдовар мешавем, тоҷикдухтари муқими Русия Манижа Сангин чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии "Equal" интихоб шуд. То ҳол ягон бор ҳунарманде аз Русия чеҳраи ин барнома нагардида буд.
Манижа нахустин намояндаи Русия мебошад, ки сазовори он гардидааст. Ҳоло аксҳои Манижа дар лавҳаи таблиғотии Таймс-сквери Ню-Йорк пайдо шудаанд.
Манижа чеҳраи "Equal" шуд: аксҳои ӯ Ню-Йоркро зеб медиҳанд
Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни "Eurovision - 2021" намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.
Вай бо таронаи "Russian Woman" баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги ин кишвар муттаҳам карданд.
Манижа дар Тоҷикистон чеҳраи сол интихоб шуд
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон зимни як назарпурсие, ки ҳафтаномаи "Ҷумҳурият" доир намуд, Манижа Сангин "Чеҳраи сол" интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ин овозхон 3612 нафар раъй дод.