Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Сокинони ду навоҳии Хатлон 70 фисад моякӯбӣ шуданд

Ҳоло дар навоҳии Кӯшониён беш аз 13 ҳазор ва дар Ҷалолиддини Балхӣ зиёда аз 12 ҳазор васина захира шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ваксиназанӣ идома дорад. Танҳо дар ду навоҳии ин вилоят 70 фисади сокинон бо вояи якум ва 50 дарсади дигар бо вояи дуюм моякӯбӣ шудаанд, хабар медиҳад "Фараж".
Манбаъ аз қавли роҳбари Кумаки аввалияи тибию санитарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Азизулло Холов менависад, дар ноҳия 126 348 нафар гурӯҳи мақсаднок маҳсуб мешаванд, ки аз онҳо то рӯзи 20 январи соли ҷорӣ 87 383 нафарашон бо вояи якум ваксиназанӣ шуданд.
Ҳамчунин 62 075 нафари дигар, ки 50 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад, бо вояи дуюм моякӯбӣ шудаанд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон табибон вояи сеюми ваксина алайҳи COVID мегиранд - видео
Ба таъкиди Холов, сокинони ин вилоят бо чор навъ ваксина, аз ҷумла "Синовак”, “Астра Зеника”, “Пфайзер” ва “Модерна” моякӯбӣ мешаванд.
Қайд карда шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бештар аз 12 ҳазор воя воксинаи захира мавҷуд аст.
Манбаъ ҳамчунин аз омори ваксиншудаҳо дар ноҳияи Кӯшониён зикр карда, афзуд, ки дар ин ноҳия 100 ҳазор нафар вояи якум ва 74 800 нафар вояи дуюми ваксина гирифтаанд.
Зикр гардид, ки ноҳияи мазкур ҳоло 13 630 ҳазор воя ваксина захира дорад.