Қудратро мегирем: Ҷабҳаи муқовимат гуфт, кай ҳамалоти густурдаро роҳандозӣ мекунад

Ягона нерӯи зиддитолибонӣ дар Афғонистон бовар дорад, ки қудратро ба даст мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд пас аз зимистон ҳамалоти худ алайҳи толибонро оғоз хоҳад кард.
Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар ҷараёни сафари худ ба Аврупо ба рӯзномаи "Ле Сур"-и Белжик хабар додааст.
"Толибон заифу беназм шудаанд, мо қудратро дубора ба даст меорем",- гуфтааст Алӣ Майсам Назарӣ.
Бино ба гузоришҳо, оқои Майсам дар ҷараёни сафари худ дар Аврупо қарор ва саъй дорад, кишварҳои аврупоиро ба идомаи мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ мутақоид кунад.
Ёдовар мешавем, қаблан низ коршиносон гуфта буданд, ки бинобар фасли зимистон амалиётҳо зиёд ба назар намерасанд, аммо бархӯрдҳои шадиди миёни ҷабҳа ва толибон дар баҳор оғоз мешаванд.
Ҳамзамон аксари низомиёни қаблии хукумат дар камингоҳҳоянд, ки баҳор аз худ дарак хоҳанд дод.
Қаблан генерал Фарид Аҳмад, раҳбари нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблӣ гуфта буд, ки соли 2022 таҳаввулоти бузурге хоҳад шуд.
Суҳбати президенти собиқи Фаронса бо Масъуд: Олланд гуфт, ӯро ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад
Суханони Фарид Аҳмадро коршиноси масоили Афғонистон Андрей Серенко дар "Telegram-канал"-аш нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, омодагии низомии ҷабҳа дар ҳоли худ қарор дошта, корҳо дар умури сиёсӣ низ барои таҳияи барномаи мушаххас хуб пеш мераванд.
Ҳарчанд толибон дар бораи хатми ҷанг ва таъмини амният дар саросари Афғонистон ҳарф мезананд, коршиносони низомӣ мавҷудияти ҷабҳаҳои ҷанги зидди толибонро як хатари ҷиддӣ ба ояндаи ҳукмронии ин гурӯҳ медонанд.
Дар оғози моҳи ҷорӣ бо миёнҷигарии Эрон дар Теҳрон дидори вазири корҳои хориҷии толибон ва Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон доир гардид, ки гуфта мешавад ҷонибҳо ба натиҷаи мушаххас нарасидаанд.
Намояндагони толибон гуфтанд, ки аз Аҳмад Масъуд хостаанд, ба Афғонистон баргардад, касе ба ӯ кор надорад, аммо ҷабҳа мегӯяд дар ин дидор мавзуоти мухталиф баррасӣ шуд, ки ҷонибҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Мулоқоти Масъуд бо толибон: Муттақӣ ба Аҳмад чӣ пешниҳод кард?
Маскав низ аз ин дидор истиқбол кард ва гуфт, ки омода аст, барои дидори навбатии намояндагони толибон бо Ҷабҳаи муқовимат минбар диҳад.
Ахиран расонаҳои Афғонистон гузориш доданд, ки Эрон барои роҳандозии дубораи ин муколама барномаеро омода дорад.
Гурӯҳҳои ҷангӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, бахусус Панҷшер ва Андароб дар муқобили толибон муттаҳид мешаванд ва аз амалиётҳои хеш гузориш низ медиҳанд, аммо толибон ҳамвора ҳузури физикии ҷабҳа дар Афғонистонро рад кардааст.