Назарбоев ҳуқуқи суханронӣ дар парлумон ва ҳукуматро нигоҳ медорад

Раисҷумҳури нахустини Қазоқистон ҳаққи суханронӣ дар порлумонро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳаққи суханронӣ дар порлумон ва ҳамчунин дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳангоми баррасии масоили барои кишвар муҳимро хоҳад дошт.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад.
Ин тағйир дар пайи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Қазоқистон "Дар бораи президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон - Елбасӣ" сурат гирифт.
Тағйиру иловаҳоро қаблан парлумон тасвиб карда буд. "(Президенти якум ҳуқуқ дорад) дар назди парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон ва палатаҳои он, дар ҷаласаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми баррасии масъалаҳои барои кишвар муҳим суханронӣ намояд; узви Шӯрои конститутсионии Қазоқистон бошад", - гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷат.
Назарбоев ва хонаводаи ӯ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд?
Тибқи ин тағйир, Назарбоев инчунин метавонад узви Шӯрои конститутсионӣ бошад.
Дар ҳамин ҳол Назарбоев аз мақоми раиси Шӯрои амният ва Ассамблеяи мардумии Қазоқистон низ маҳрум шуд.
"Нафақахӯрам ва ихтилофе бо Тоқаев надорам": видеои муроҷиати Назарбоев
Акнун ин ислоҳот бояд дар Сенат баррасӣ ва сипас барои имзо ба раисҷумҳур Қосим-Ҷомарт Тоқаев фиристода шавад.
Тавре ки қаблан дар маҷлис зикр гардид, ислоҳоти таҳрирӣ ба қарорҳои қаблан қабулшуда ва эълоншуда марбутанд, ки Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон ва Шӯрои амниятро президенти феълии кишвар раҳбарӣ мекунад.