ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Яке аз ақрабои раҳбари пешини Ӯзбекистон Анвар Абдуллоев соҳиби яке аз гаронарзиштарин манзилҳои истиқоматӣ дар Маскав шудааст. Дар ин бора "Ведомости" менависад.
Соли 2021 Абдуллоев як пентҳаусро дар меҳмонхонаи "Украина" дар се ошёна (аз 11 то 13) харид. Нархи манзилҳо ба масоҳати 508 метри квадратӣ қариб 2 миллиард рубл арзёбӣ мешавад.
Дар айни замон хонаҳо дар дигар ошёнаҳои бинои баландошёна арзонтаранд - камтар аз 1 миллион рубл барои 1 метри мураббаъ.
Пентҳаус бо услуби арт-деко оро дода шудааст. Дар сохтмони он масолеҳи гаронбаҳои табиӣ, мармари итолиёӣ, оникс ва чӯбу тахта истифода шудааст.
Қобили зикр аст, Абдуллоев соҳиби чанд ширкати хурд аст, ки бузургтарини онҳо "Евразия компания" мебошад.
Тибқи маълумоти соли 2020, даромади он 37 миллион рублро ташкил додааст.
Аз соли 2012 то соли 2014 соҳиби манзилҳо Акбар Абдуллоев буд, баъд объект ба номи Виталий Семёнов гузашт.
Акбар ва Анвар Абдуллоевҳо ҷиянҳои Татяна Каримова, ҳамсари раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов мебошанд.
Ҳоло пентҳауси боҳашамат дубора ба фурӯш гузошта шудааст.
Феълан Олга Михелсон соҳиби гаронтарин амволи ғайриманқул дар Маскав мебошад. Вай дорои як пентҳаус бо масоҳати беш аз 1 ҳазор метри мураббаъ аст. Арзиши он беш аз 2 миллиард рубл арзёбӣ мешавад, менависад "Ведомости".