Аз 17 дараҷа гармӣ то 30 дараҷа сардӣ: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои абрноку тағйирёбанда ва бориши барфу борон пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши сусти барф ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба итилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарам мешавад.
Агентӣ гуфтааст, ки ҳавои вилояти Хатлон низ тағйирёбандаву бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, рӯзона асосан бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона бебориш шуда, тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа гарм, рӯзона13-15 дараҷа гарм мешавад.