Ҷойгир кардани аслиҳаи мамнуъ дар наздикии Луганск: Киев гуфт, нияти зӯровариро надорад

Мақомоти Украина дар хатти боҳамоӣ бо Луганск аслиҳаеро ҷой додаанд, ки бар асоси созишномаи Минск мамнуъ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Иван Филипоненко, намояндаи пулиси мардумии Ҷумҳурии Худхондаи Луганск ҷониби Украинаро дар нақзи созишномаи Минск муттаҳам кард.
Қудратиҳои украинӣ дар хатти баҳамоӣ низоми мушакӣ ва мошинҳои зиреҳпӯшро ҷой доданд, хабар додаст РИА "Новости" аз қавли Филипоненко.
Ӯ афзуд, ки хадамоти истихборотии Луганск таҷаммуи техникаро дар маҳаллаи Нижнее ба қайд гирифт.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина изҳор дошт, ки Киев ҳич нияти истифодаи зӯрӣ дар Донбассро надорад. Вай таъкид намудааст, ки тамоми талошҳои Украина ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ равона шудаанд.
"Онҳо дар дами теғанд": он чӣ дар Донбасс оғоз мешавад
Кулеба ҳамчунин аз қавли Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА афзуд, ки Вашингтон ҳам ҷонибдори барқарорсозии кор дар "формати нормандӣ" мебошад.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи кор дар ин самт боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.