ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Туркия омодааст, майдон барои музокироти президенти Русия Владимир Путин ва ҳамтои украинияш Владимир Зеленскийро пешниҳод намояд.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли Иброҳим Калин, намояндаи расмии президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон хабар додааст.
"Президент Эрдуғон ҳар ду роҳбарро ба Туркия барои мулоқот ва ҳалли мушкилоту нофаҳмиҳои миёнашон даъват намуд. Туркия ба ҳар коре дар ҳадди тавонаш омодааст, то ба коҳиши ташаннуҷи равобити Русия ва Украина мусоидат намояд", - изҳор доштааст Калин.
Вай афзуд, раисҷумҳури Туркия ният дорад, дар рӯзҳои наздик аз Украина боздид намояд.
"Дар зимн бо Русия низ дар иртиботи зич хоҳем буд, то аз ҳар гуна амалиёти низомӣ, ки метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад, ҷилавгирӣ шавад", - илова намуд намояндаи Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки расонаҳои ғарбӣ борҳо аз омодагии Русия барои ҳамла ба Украина хабар додаанд. Маскав ин иддаоро бепоя хонда мегӯяд, ки ҳич нияти истифода аз зӯри низомиро надораду ба кишваре таҳдид намекунад. Ҷониби Русия муътақид аст, ки ин ҳама сарусадо ҳамчун баҳона барои ҷой додани нерӯҳои НАТО дар Украина истифода мешавад.
Ахиран миёни НАТО ва Русия дар шаҳри Брюссел гуфтушунид баргузор гардид. Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Ба гуфтаи Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҷониби Ғарб ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат посухи хаттӣ аз рӯи ҳар банди пешниҳодкардаи Маскавро ироа хоҳад намуд.