Духтари тоҷике, ки бо дастонаш роҳ мегашт, дар Владикавказ ройгон ҷарроҳӣ шуду ба по хест

Бо кумаки як табиби моҳир аз Владикавказ духтари 13-солаи тоҷик ба по хест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Мавлуда, ки ҳамагӣ 13 сол дорад, дар Тоҷикистон бо дастонаш роҳ мерафт. Ӯ имкони рост кардани қади худ ва роҳ гаштан бо пойро надошт.
Видеои роҳгардии ғайримуқаррарии Мавлуда ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва намояндагони як бунёди хайриявӣ, ки номи он зикр нашудааст, наворро ба Казбек Кудзаев, табиби моҳире дар Владикавказ ирсол намуданд.
Ин пизишки номӣ изҳори омодагӣ кард, ки ройгон ин духтари тоҷикро ҷарроҳӣ мекунад ва ба по мехезонад.
Гуфта мешавад, хароҷоти сафари Мавлуда ва волидони ӯро як табиби тоҷик, ки номи ӯ низ зикр нашудааст, ба уҳда гирифтааст ва ин хонавода ба Владикавказ сафар намуда ва 13 аллакай Мавлуда ҷарроҳӣ шудааст.
Профессори озарбойҷонӣ роҳи ҷарроҳии эндовидеоиро ба табибони тоҷик нишон дод - видео
Ба гуфтаи Казбек Кудзаев, амалиёти ҷарроҳӣ душвор сурат гирифт ва ӯ давоми чор соат ҳар ду пойи ин наврасро ҷарроҳӣ кард.
Ба таъкиди ӯ, Мавлуда дар ояндаи наздик метавонад бемамоният ҳаракат кунад.
Барои пурра барқарор шудани сиҳҳати Мавлуда ӯву волидонаш бояд то як муддати дигар дар Владикавказ ба сар баранд.