ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон то 17 январ беш аз 2000 табиб бо вояи сеюм моякӯбӣ шуданд. Дар ин бора мудири кулли Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"-и Вазорати тандурустӣ Файзалӣ Саидзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 2 386 пизишк алайҳи маризии корона бо вояи савум ваксиназанӣ шудаанд.
Саидзода мегӯяд, тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи сеюми ваксина фаро гирифта мешаванд.
"Дар оянда бо назардошти ворид шудани вояи ваксина иммунизатсия дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марҳила ба марҳила дар миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ идома меёбад", - афзуд намояндаи ин вазорат.
Маврид ба зикр аст, ки шаби 17-уми январ ба Тоҷикистон боз 1150 800 воя ваксинаи "Moderna" ворид шуд.
Гуфта мешавад, ҳоло дар мамлакат ваксина ба қадри кофӣ мавҷуд аст. Дар нақша аст, ки бо анҷоми маъракаи гузаронидани вояи якум ва дувуми ваксина соли 2022 тамоми шаҳрвандони мамлакат бо вояи сеюм фаро гирифта шаванд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ягон навъи коронавирус нест, аммо теъдоди зиёди сокинон аз дарди гулӯ ва сулфаи хушк шикоят мекунанд. Кормандони умури пизишкӣ мавҷуд будани коронавирусро дар кишвар инкор намуда, изҳор медоранд, ки сокинон гирифтори зукоми мавсимӣ шудаанд.