ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Латифуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссияи поккории толибон ба хабаргузории “Франс пресс” гуфтааст, ки се ҳазор узви толибон дар ҷараёни таҳқиқе аз суфуфи ин гурӯҳ ихроҷ шудааст.
“Поксозии гурӯҳ кумак мекунад, ки дар оянда як нерӯи пулис ва артиши дур аз фасодкоронро ташкил кунем”, - афзуд вай.
Вай гуфт, 2840 узви ихроҷшудаи ин гурӯҳ дар 14 вилоят ба қочоқи маводи мухаддир, фасод ва таҷовуз ба ҳаёти шахсӣ муттаҳам шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин афрод низ бо гурӯҳи ДИИШ* иртибот доштаанд ва ба ин далел аз ин гурӯҳ ихроҷ шудаанд.
Ҳакимӣ ҳамчунин таъкид кард, ки ин се ҳазор нафар ҳамагӣ дар 14 вилоят ҳастанд ва ба зудӣ комиссия дар дигар вилоятҳо низ ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, аксари ихроҷшудагон пас аз шиносоӣ ба мақомоти додгоҳӣ ирсол шудаанд.
Ӯ ҳушдор додааст, афроде, ки мардумро барои бадном кардани иморати исломӣ озор медиҳанд, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Толибон мегӯянд, ҳадаф аз таъсиси ин комиссия поксозии толибон аз афроди “истисморгар” ва “бадахлоқ” аст. Дар баъзе аз мавридҳо ин гурӯҳ сӯистифодаи худро ба "истисморгарон" нисбат медиҳад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия