ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шумораи қурбониёни заминларзаи рӯзи душанбе дар шимолу ғарби Афғонистон ба 26 нафар расид, хабар медиҳад рӯзномаи маҳаллии "Иттилооти рӯз".
Манбаъ менависад, дар миёни кушташудагон панҷ зан низ ҳаст.
Танҳо дар деҳаи Бадрук, воқеъ дар вилояти Бодғис дастикам 15 нафар қурбони офатҳои табиӣ шуд.
Гуфта мешавад, аз заминҷунбӣ бештар биноҳои истиқоматии шаҳри Қалъаи Нав, маркази маъмурии Бодғис зарар дидаанд.
Дар ҳамин ҳол намояндагони толибон ҳадс мезананд, ки теъдоди қурбониён шояд боз ҳам бештар шавад. Зеро корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин минтақа ҳамоно идома дорад.
Бояд гуфт, қаблан аз ҷон бохтани танҳо 12 нафар гузориш шуда буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин заминҷунбӣ ба ҳадди 5.6 дараҷаи Рихтер буд ва тақрибан дар 158-километрии шимолу шарқи шаҳри Ҳирот рух дод.
Ёдовар мешавем, 17 январ Тоҷикистонро низ заминларза такон дод. Шиддати заминҷунбӣ дар кишвар се дараҷа буд ва дар пай хисороти молию ҷонӣ надошт.