ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Чораҳои зидди коронавирус дар Маскав тақвият меёбанд, гуфтааст шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин дар блоги худ.
Собянин афзоиши ҳолатҳои нави бемории коронавирусро тазаккур дода, сабабашро ба авҷи штами омикрон дар Русия муртабит донистааст.
Ҳамин тариқ, тибқи иқдомоти ҷадид, барои афроди аз 60-сола боло ва нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, то 1 апрел хонашинӣ тавсия шудааст.
"Мо ҳанӯз намедонем, ки штамми нав барои насли калонсол то чӣ андоза хатарнок аст. Барои он ки онҳо ба хатари иловагӣ дучор нашаванд, ман тасмим гирифтам, ки режими инзивоъро барои афроди аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин то 1 апрел тамдид кунам", - тавзеҳ додааст Собянин.
Ҳамзамон мири Маскав талаб намудааст, ки корфармоён на камтар аз 30 фоизи кормандонро ба дуркорӣ гузаронанд. Ӯ гуфт, ин маҳдудият низ то 1 апрели соли равон тамдид мешавад.
"Ин тадбир самараи хуб дода, тамоси одамонро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ коҳиш медиҳад", - тавзеҳ додааст ӯ.
Собянин ҳамчунин гуфт, барои коҳиш додани сатҳи беморӣ дар миёни аҳолӣ аксари коргарон бояд ба кори фосилавӣ гузаранд.
Бояд гуфт, бо роҳ ёфтани штамии омикрон ҳолатҳои гирифтории шаҳрвандони Русия ба коронавирус ҳамарӯза аз 30 ҳазор мегузарад.