Ба муҳоҷирон иҷоза шуд, то дар дармонгоҳҳои кӯдакона аз муоинаи тиббӣ гузаранд

Рӯйхати муассисаҳои тиббиро раиси пойтахти Русия Сергей Собянин тасдиқ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Аз моҳи январи соли 2022 Маскав рӯйхати муассисаҳои тиббиро барои гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ аз муоинаи тиббӣ васеъ кардааст.
Ҳамин тариқ, бо фармони раиси пойтахт Сергей Собянин муҳоҷирони бузургсол метавонанд дар як қатор дармонгоҳҳои кӯдакона аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Хидматрасонӣ ба меҳмонон акнун аз ҷониби 16 муассисаи тиббӣ сурат мегирад, дар ҳоле ки қаблан 7-тои онҳо танҳо беморони ҷавонро қабул мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфти табибон, ахиран ба далели афзоиши якбораи гирифторӣ ба коронавирус муассисаҳои тиббӣ аз ҳад зиёд аз бемор пур шудаанд. Духтурон метарсанд, ки интизорӣ барои муоина дар назди табиби умумӣ метавонад ҳафтаҳо тӯл кашад.
Теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург афзуд: онҳо бештар дар кадом соҳа кор мекунанд?
Ёдовар мешавем, ки авохири соли 2021 дар Русия қарори Девони Вазирон ба иҷро даромад, ки дар он дар бораи зарурати аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирон гуфта мешавад.
Акнун шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои мушаххас кардани ҳолати онҳо дар ҷиҳати истифода аз маводи нашъадор, психотропӣ ва дигар моддаҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Илова бар ин муҳоҷирин дар робита ба гирифторӣ ба бемориҳои сироятие, аз ҷумла ВИЧ, ки барои дигарон хатар доранд, ташхис хоҳанд шуд.
Теъдоди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург афзуд: онҳо бештар дар кадом соҳа кор мекунанд?
Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби муҳоҷиронро тасдиқ кард. Шаҳодатномаҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ гирифташуда бояд ба шуъбаи муҳоҷирати мақомоти минтақаии Вазорати корҳои дохилӣ ё дар шакли электронӣ тавассути портали хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод шаванд.
Маълумот дар бораи муоинаи тиббии муҳоҷирон ба низоми махсуси федералӣ дохил мешавад.