Лукашенко гуфт, ӯро тасодуфан президент интихоб карданд: дигар чунин намешавад

Лукашенко мегӯяд, раҳбарони ояндаи Беларус намоёнанд, одамони тасодуфӣ интихоб намешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, раҳбарони давлатҳои оянда аллакай намоёнанд ва таъкид кард, ки ҷомеаи кишвараш аз миёнаҳои солҳои 90-ум то кунун тағйир ёфтаасту ба мақоми президентӣ афроди тасодуфиро интихоб нахоҳад кард, менависад РИА "Новости".
"Мо як қарори аниқ қабул кардем: насли ҳозира... бояд канор равад, ба насли нав имкон диҳад, ки ором, бесадо, беҷанг, аз поён, аз миёна, аз боло ба қудрат биёяд. Мо, насли раҳбарикунанда набояд бо онҳо мухолифат кунем. Мо бояд дар ҷое, ки лозим шавад, роҳнамоӣ кунем. Барои ин бояд фишанг дошта бошем. Ана ин аст: Анҷумани умумибеларусӣ. Президенти феълӣ абадӣ нест, одамони нав меоянд. Онҳо кӣ хоҳанд буд? Гӯш кунед, хуб, президентҳои оянда дар кишвари мо амалан намоёнанд", - гуфт Лукашенко рӯзи сешанбе дар Минск.
Ба гуфтаи ӯ, дигар тавре ки президент дар соли 1994 интихоб шуда буд, нахоҳад шуд.
"Он замон мардум чӣ кор карданашонро намедонистанд, диданд, ки фасод меафзояд... Мардум ба як навъ наҷот ниёз доштанд, барои ҳамин онҳо ба Лукашенко часпиданд... раиси комиссияи мубориза бо фасод – ман дар он ҷо ошкоро бе ҳарос сухан гуфтам. Тасодуфан вохӯрданд ва интихоб карданд. Акнун ин тавр намешавад, Ҳоло мардум зирак аст", - бовар дорад Лукашенко.
Вай қайд кард, ки "ҷомеа дигар аст. Фикр дар бораи интихоби тасодуфӣ (президент - идора.), ки қаблан дар миёнаи солҳои 90 буд, дигар нахоҳад буд. Мардум бошуурона интихоб хоҳанд кард", - идома дод Лукашенко.
Суханронии видеоии Назарбоев дар бораи ҳаводиси январӣ, макони иқомату ихтилофаш бо Тоқаев
"Дар чунин лаҳза ба мо конститутсия (нав – идора.) лозим аст: ба мо одамони одӣ лозиманд, ки ба ҳукумат биёянд, то ки баъд ангушт нагазем, чизеро ислоҳ кунем, вале фишангҳоро тарк накардем", - афзуд раисҷумҳур.
Қарор аст, нимаи дуюми моҳи феврали соли 2022 раъйпурсии Қонуни Асосӣ дар Беларус баргузор шавад. Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки аз ҷониби комиссия ва гурӯҳи кории махсус таҳия шудааст, дар охири моҳи декабр барои муҳокимаи умум нашр шуда буд.