ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Маркази тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии Гамалея системаи тестӣ барои муайян кардани антителҳои зидди вируси омикронро таҳия кардааст, гуфт мудири ин марказ Александр Гинтсбург ба РИА "Новости".
"Мо як системаи тестӣ барои муайян кардани антителҳои безараргардонии вирус ба омикронро дорем, аммо то ҳол он танҳо дар маркази мо мавҷуд аст", - гуфт ӯ.
Қаблан Гинстбург ба РИА "Новости" гуфта буд, ки худаш ба омикрон мубтало шудааст, аммо чун бо ваксинаи "Спутник V" моякӯбӣ шуда буд, бемор нашудааст. Ӯ гуфт, инро маҳз ба шарофати системаи тестии зикршуда муқаррар кардан мумкин буд.
Штамми B.1.1.529, ки бо номи омикрон низ маъруф аст, дар охири моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд.
Он даҳҳо таҳаввул дар S-протеинеро, ки патоген барои сироят кардани ҳуҷайраҳо талаб мекунад, дарбар дорад.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, тағйироти зиёде дар геном аз гузариши баланди ин вариант ва муқовимат ба антителҳои муҳофизатии онҳое, ки бемор ва ваксина шудаанд, шаҳодат медиҳанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки афроде, ки аллакай бемор ё ваксина шудаанд, эҳтимол ба ин вирус мубтало шаванд ва он нишонаҳое дорад аз хастагӣ то дарди сару бадан.
Омикрон дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия пайдо шудааст. Сарвари "Роспотребнадзор" Анна Попова қаблан қайд карда буд, ки суръати тавсеаи штамми нав нисбат ба штаммҳои қаблӣ аз се то ҳафт баробар зиёдтар аст. Давраи инкубатсионии он аз ду то панҷ рӯз камтар гуфта мешавад.